Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд https://t.co/lcaBcXZioY
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд
.2023 , шаҳри Гулистон
31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Зимни машварат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ва рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар андешаронӣ карда, вазъи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва дигаргуниву таҳаввулоти сайёра ба хотири пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, дар назди аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар робита ба буҳронҳои сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ки ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад, ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Суғд супориш дода шуд, ки бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати пурра таъмин намудани иҷрои стратегияву барномаҳои милливу минтақавӣ, аз ҷумла Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Супориш дода шуд, ки дар самти таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал ва ташкил кардани захираи кофии он, пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва иловагии рушд ва дигар тадбирҳо ҳар як роҳбар ва шахси масъул бояд муносибат ва фаъолияти ҷиддӣ зоҳир намояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои нақшаи кишту кори баҳорӣ масъулини шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки ба масъалаи истифодаи оқилонаву самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил дар заминҳои обӣ ва захира кардани маҳсулот барои фасли замистон ҳатман диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таҷрибаи ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва дар ҳар як оила барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ бояд ба як амали ҳатмӣ ва маъмулӣ табдил ёбад.
Таъкид гардид, ки масъалаи дигаре, ки бояд ба он диққати аввалиндараҷа дода шавад, дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ мебошад.
Бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои обёрӣ, норасоии об ва корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ то ҳанӯз дар вилояти Суғд 2100 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст.
Президенти мамлакат супориш доданд, ки ин мушкилӣ бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.
Вобаста ба аҳамияти гармхонаҳо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дастур дода шуд, ки бунёди гармхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулот дар онҳо бо тарзу усул ва истифодаи технологияҳои пешқадам идома дода шавад.
Ҳоло дар ҳудуди вилоят 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо то имрӯз 2,3 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд https://t.co/lcaBcXZioY
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва ислоҳи баъзе лоиҳаҳо камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, ба роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки амалишавии самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, хусусан, бунёди сифатноки иншооти пешбинишуда, харидорӣ ва истифодаи мақсадноки техникаву таҷҳизотро зери назорати доимӣ қарор дода, камбудиҳои дар татбиқи лоиҳаҳо ҷойдоштаро фавран бартараф намоянд.
Дар робита ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки фаъолияти худро бо мақсади татбиқи ин ҳадафи стратегӣ доир ба ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ вусъат бахшанд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз Сарвари давлат супориш гирифт, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарор намудани корхонаҳои азкормонда тадбирҳои қатъӣ андешида, ҷиҳати рушди содироти маҳсулот чораҷӯӣ намояд.
Инчунин, ба роҳбарону мутахассисони вилоят супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва коҳиш ёфтани истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти соҳаро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати пешгирӣ кардани ин раванд чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг ва Кумитаи рушди сайёҳӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии ҳарчи бештари онҳо дар чорабиниҳои дохиливу байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ ба роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла ташкили марказҳои инкишофи кӯдак тадбирҳои иловагиро амалӣ созанд.
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд https://t.co/lcaBcXZioY
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023
Масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, ҳамчунин, якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ ва соҳибкасб гардонидани сокинони маҳаллӣ вазифадор шуданд.
Дастуру супоришҳои дигар барои беҳтар кардани сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ ва бо шуғл таъмин намудани сокинони вилоят, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон дода шуд.
Дар машварати корӣ ба роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки доир ба бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, фароҳам сохтани шароити хуби корӣ барои кормандони соҳаи тиб ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.
Ба раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо роҳбарони гурӯҳи корӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ супориш дода шуд, ки иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро зери назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда супоридани иншооти ҷашнӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дастуру супоришҳои дигар, ҳамчунин, ҷиҳати ҳамаҷониба омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар масъалаи истифодаи замин, иҷрои амалҳои хайр дар моҳи Рамазон, дастгириву кумаки ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон, пешгирии ҷинояткориҳо, риояи қонунҳои амалкунанда дар самти танзими расму оинҳо, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ ва ғайра дода шуд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба Президенти мамлакат ҳисобот доданд.
facebooktwitter
kaynak:http://www.president.tj/node/30400?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд https://t.co/lcaBcXZioY
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023