Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон https://t.co/rVuNmQLj5F
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) February 23, 2023
Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
23.02.2023 , шаҳри Душанбе
23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат оид ба таърихи 30 соли дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод, нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтанаш, андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.
Дар он давра, саъю талоши Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва омода намудани мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос равона карда шуд. Бо ин мақсад як қатор қонунҳои нав, аз ҷумла “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мудофиа” ва “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” қабул гардиданд ва ҳадафу вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти ташкили мудофиа ва ҳимояи кишвар муайян карда шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Роҳбарияти давлат ва Ҳукумат хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбиро ҳамеша қадршиносӣ мекунанд. Тайи солҳои истиқлоли давлатӣ ҳазорҳо нафар афсарону прапоршикҳо ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои шуҷоату ҷасорат ва хизмати содиқона бо мукофотҳои давлатӣ ва садҳо нафар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи бисёр мураккабу ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки вазъи зикршуда, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ маҳорату малакаи муосири касбӣ, ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб мекунад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарон ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ вазифадор шуданд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси миллӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҳайати шахсӣ эътибори боз ҳам бештар диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардии худ – ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат, халқи мамлакат ва касби бошарафи хеш сарбаландона иҷро менамояд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомӣ ва шаҳрвандони кишварро ба ифтихори сисолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу карданд.
Ҷамъомади идонаро барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги кишвар шукуҳи тоза бахшид, ки тӯҳфаи арзандае барои афсарону сарбозони содиқи ҷумҳурӣ мебошад.
facebooktwitter
kaynak:http://www.president.tj/node/30114?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter
Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон https://t.co/rVuNmQLj5F
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) February 23, 2023