Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ барои таъмини 1800 нафар аҳолии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод
Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ барои таъмини 1800 нафар аҳолии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод https://t.co/qxhy4fi5Ns
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023
Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ барои таъмини 1800 нафар аҳолии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод
.2023 , ноҳияи Зафаробод
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд хатти оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ бо сохтани чоҳи амудӣ дар чуқурии 150 метр ба воситаи насоси махсуси обкашӣ оби нӯшокӣ бароварда шуда, дар натиҷа беш аз 430 оила, яъне 1800 нафар аҳолии деҳаи Зарафшон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо намуданд.
Ҳамзамон, тавассути хатти оби нӯшокӣ муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустии ин деҳа бо оби хушсифати нӯшокӣ таъмин гардиданд.
Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ барои таъмини 1800 нафар аҳолии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод https://t.co/qxhy4fi5Ns
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023
Бо сохтани хатти оби нӯшокӣ мушкилоти қаблии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод вобаста ба таъмин будан бо оби нӯшокӣ ҳалли худро ёфт.
Дар партави ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллӣ дар ин деҳа хатти оби нӯшокӣ ба дарозии беш аз 2 километр бунёд гардид ва ба ҳамаи кӯчаю маҳаллаҳои деҳаи Зарафшон хатти об оварда, нӯқтаҳои обгирӣ ташкил карда шуданд.
Татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шаҳодати ин аст, ки сол аз сол масъалаи таъминои оби нӯшокӣ ҳалли худро меёбад.
Таъмини сокинони деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод бо оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза самараи Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ гардидани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Давлату Ҳукумат мебошад. Ин тадбири муҳим боиси хушҳолии хурду бузурги ноҳияи Зафаробод гардида, аҳолии деҳаи Зарафшон ба Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
facebooktwitter
kaynak:http://www.president.tj/node/30382?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter
Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ барои таъмини 1800 нафар аҳолии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод https://t.co/qxhy4fi5Ns
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023