Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Ağrı °C

Ба истифода додани Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғуфуров

Ба истифода додани Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғуфуров
REKLAM ALANI
01.04.2023
A+
A-

 

 

 

Ба истифода додани Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғуфуров
01.04.2023 , ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳа майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 метр, дарозии матоъ 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Сохтмони майдони Парчами давлатӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли равон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шудааст.

 

 

 

 

 

Майдони Парчами давлатӣ дар маркази деҳоти Овчиқалъача 30 садякро ташкил намуда, дар он барои истироҳату фароғати шаҳрвандон мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст.

Сокинони ин деҳоти дурдасти мамлакат бунёду ба истифода додани иншооти нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тадриҷан беҳтаршавии сатҳи зиндагиро ба дастгириву таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат марбут медонанд.

Дар майдони Парчами давлатӣ гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, барои шаҳрвандон нишастгоҳҳо насб карда шудааст. Фаввораҳо зебогии атрофи иншоотро афзун намудааст. Барои гашту гузор ва фароғати доимии сокинон равшании маркази деҳот ба инобат гирифта шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду ба истифода додани Майдони Парчами давлатиро ба самараи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ марбут дониста, масъулони дахлдорро барои ҳамин гуна ободу зебо нигоҳ доштани атрофи муқаддасоти миллӣ вазифадор намуданд.

Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба масофаи 10 километр роҳҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров асфалтпӯш карда шудааст.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30405?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.