Қабули эътимоднома аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чили, Уганда ва Зеландияи Нав https://t.co/v97UjaxEwP
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 9, 2023
Қабули эътимоднома аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чили, Уганда ва Зеландияи Нав
09.03.2023 , шаҳри Душанбе
9 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.
Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мануел Микаллер, Туркия Умут Аҷар, Давлати Қатар Муборак Абдураҳмон Муборак ал-Наср, Ҷумҳурии Молдова Лилиан Дарий, Ҷумҳурии Ирландия Брайан Макэлдафф, Португалия хонум Мария Мадалена Лобу Карвалю Фишер, Ҷумҳурии Кипр Кипрос Йоргалис, Ҷумҳурии Чилӣ Эдуардо Эскобар, Ҷумҳурии Уганда Муҳаммад Тезикуба Кисамбира ва Зеландияи Нав хонум Сари Мэри Уолш, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ин маснади сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки давлати мо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо доираи васеи ҷомеаи олам ҳамкориҳои судманду баробарҳуқуқро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монда, пайгирона густариш медиҳад.
Сарвари давлат изҳори умед карданд, ки кишварҳои мо – бо такя ба ғояҳои волои умумибашарӣ – минбаъд низ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди худро боз ҳам тақвият бахшида, густариш хоҳанд дод.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Консепсияи сиёсати хориҷии худ ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва пешбурди ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Ирландия, Португалия, Ҷумҳурии Кипр, Ҷумҳурии Чили, Ҷумҳурии Уганда ва Зеландияи Нав андешаронӣ карданд.
Президенти мамлакат омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардонидани мазмуну муҳтавои муносибатҳои кишварҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ки дорои зарфиятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда мебошанд, таъкид намуданд.
Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим изҳори сипос карда, бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуданд ва омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба дар иҷрои рисолати дипломатиашон иброз доштанд.
kaynak:http://www.president.tj/node/30160?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter
Қабули эътимоднома аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чили, Уганда ва Зеландияи Нав https://t.co/v97UjaxEwP
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 9, 2023
Телескоп, конструктор, посещение Совета Федерации: секретари реготделений «Единой России» – губернаторы и депутаты Госдумы исполнили мечты детей
Soyuzmultfilm’e bir gezi, metro turu, bir sanatçı seti ve bir elektro gitar: Birleşik Rusya, “Yolka Zhelaniy” (Dilekler Noel Ağacı) ile çocukların hayallerini gerçeğe dönüştürdü
Поездка на «Союзмультфильм», экскурсия по метрополитену, набор художника и электрогитара: «Единая Россия» исполнила детские мечты с «Ёлки желаний»
Birleşik Rusya ve Birleşik Rusya Genç Muhafızları aktivistleri, bölgelerdeki sosyal tesislerden kar temizleme çalışmalarına yardımcı oluyor.
Активисты «Единой России» и МГЕР помогают расчищать от снега соцобъекты в регионах
Birleşik Rusya ve Yekaterinburg’daki Özel Askeri Operasyonlar ve Terörle Mücadele Operasyonları Gazileri Vakfı, Rostov Bölgesi’ndeki Özel Askeri Operasyonlar (SVO) askerlerine bir parti ekipman bağışladı